idris
umx.uz/idris Гирифтам хат зади аз дафтарат эй суфли номамро,Чӣ дур аз ёди мардум мебари аблаҳ каломамро.
Ҳануз аз ҳастиат ранге намедиданду медиданд,
Ки бар авроқи ҳасти сабт мекардам давомамро.
Ҳануз аз гул-гули пироҳани худ зуб мекарди,
Ки ори кардам судои парчам пушти бомамро.
Ҳануз аз гушаи ғундоғи буйи шир медоди,
Ки ман тай карда будам солҳо айёми комамро.
Зади рафти буро бомояи бемояги хуш бош,
Намегиранд пас аз захмат заифон интиғомамро.